МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2024
Норак

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 21 марти соли ҷорӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар майдони марказии шаҳр чорабинии тантанавӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, иштироки меҳмон доир гардид.
 
Дар чорабинӣ раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод, раиси иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
 
Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод қайд намуд ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.
 
Боиси хушҳолӣ ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва қабули қатъномаи Шурои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 феврали соли 2010 ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуда, ҳамасола дар кишвари азизи мо санаҳои 21-24 март бо риояи расму анъанаҳои миллӣ дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси панҷуми Пешвои миллат дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, оғоз аз соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Наврӯз бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шуморо бо ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки Соли нави мардумони ориёист табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгорро орзу менамоям.
 
Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии хуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд. Пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд. Ба андешаи Асосгузори сулӯу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки расму русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст.
 
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдодони мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд.
 
Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгароии халқи мо шаҳодат медиҳанд.
 
Яке аз фазилатҳои ҷашни Наврӯз ин инсондӯстиву хайрхоҳӣ аз ҷумла, дасти кӯмак дароз намудан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад. Дар Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки пешравию комёбиҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз Наврӯз то Наврӯз хеле равшан ба назар мерасанд. Маврид ба зикр аст, ки ифтитоҳи иншоотҳои таъиноташон гуногун, ки имрӯз дар шаҳр сурат гирифта истодааст, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи мардони бонангу номуси диёр барои фардои ободу осуда ва дастовези наврӯзии онҳо мебошад.
 
Деҳқонони шаҳри мо бо меҳнати пурсамар, истеҳсоли сабзавоту меваҳои баландсифат ва хусусан бо парвариши анорҳои шаҳдбор дар баробари таъмини амнияти озуқаворӣ соҳаи кишоварзии мамлакатро шуҳрати калон бахшидаанд. Эътимоди комил дорем, кишоварзони меҳнатдӯсту соҳибтаҷрибаи шаҳр ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода бурда, барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор гузошта, ба ин васила дар ѓановати дастархон ва боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳр саҳми муносиби худро мегузоранд.
 
Толеъи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯз дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милливу ҳамрайъии сокинони диёрамон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, мову шумо низ орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун қосиди сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад.
 
Раиси иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдалӣ иштирокчиёни тантанаи наврӯзиро ба фарорасии ҷашни миллӣ шодбош намуданд.
 
Дар фарҷоми қисми тантанавӣ Барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр пешкаши меҳмонон ва аҳолии шаҳр гардонида шуд.