«Суруди миллӣ»
- Нашр шуд: 31.12.2019 03:51
Бахшида ба 25-солагии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак маҳфилу шеъру суруд бо иштироки муаллифи «Суруди миллӣ» шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо иштироки васеи аҳолии шаҳр, сокинони касбу кори гуногун, дӯстдорони шеъру шоирӣ баргузор гардид.
Сараввал Гулназар Келдӣ аз шуъбаи «Соядастҳо»-и китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо» дидан намуда, бо китобдорон суҳбат оростанд. Баъдан дар дафтари «Бақайдгирии меҳмонон» таманниётҳоро қайд намуданд.
Дар саҳни қасри фарҳанг хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро бо шеъру суруд истиқбол намуданд.
Чорабинӣ аз қироати Суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас Кулназар Келдӣ бо ҳозирон суҳбат намуданд.
Зимни суханронӣ иброз намуданд, ки чанд рӯз пеш паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Паёми Пешвои миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварро фаро гирифта, бахусус ба соҳаи фарҳангу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Ба ҳар як хонадони кишвар тақдим гардидани китоби «Тоҷикон» боиси аҳсану офаринҳост: «…бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд».
Дар рафти маҳфил аз ҷониби ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр аз ашъори шоир сурудҳои дилнишин сароида шуданд.
Маҳфил дар фазои шукргузорӣ аз Истиқлолияту ваҳдати миллӣ доир гардид.
![]() |
![]() |