Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ
- Нашр шуд: 14.02.2020 12:34
Рўзҳои 28-29-уми январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Бо тавсияи комиссияи озмунӣ ба мансабҳои мутахассиси пешбари бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Норак Низокатова Ҳангома Мараматшоевна, мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Пули Сангин оид ба масъалаҳои кишоварзӣ Қаёмова Маҳбуба Файзиддиновна ва нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Пули Сангин Азизов Воҳид Камолович таъин гардида, 24 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансабҳои ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқ дониста шуданд.