МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ 'ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН-ОМИЛИ САБЗУ ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲРУ ДЕҲОТИ КИШВАР'

Санаи 12 апрели соли ҷорӣ дар Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳри Норак бо ибтикори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон омили сабзу хуррам гардидани шаҳру деҳоти кишвар" бо иштироки муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро, масъулини шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаҳои таълимии шаҳр доир карда шуд.
 
Дар чорабини иштирокчиён оид ба ташаббусҳои роҳбари давлат суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар доираи қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун "Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардида, аз оғози соли 2025 ба баъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Ин руйдоди воқеан таърихӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкамтар намуда, обруву нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати башардӯсту тамаддунофар боз ҳам баландтар меозад.