МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ "САД РАНГИ ЧАКАН"

Имрӯз 13 апрели соли ҷорӣ дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон-Абдусаломзода Анзурат, намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, раис Кумитаи ҲХДТ дар шаҳр Ҳасанзода Шаҳло, масъулини шуъбаи маориф, фарҳанг, ҷавонон, кор бо занон ва оила, чеварону ҳунармандон ва фаъолон иштирок намуданд.
 
Қабл аз оғози фестивал иштирокчиён аз намоишгоҳи ҳунари чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзӣ, ки аз ҷониби ҳунармандон ва косибони шаҳри Норак ташкил гардида буд, дидан намуданд.
 
Сипас, муовини Раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, мақсади асосии баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд.
 
Боиси хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Оши палав” ва “Наврӯз” ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
 
Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзандӯзӣ иборат буда, аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони шаҳр пешниҳод карда шуд.
 
Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.
 
Дар фароҷоми чорабинӣ ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд.