МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ШАҲРИИ БАЙНИ ИДОРАВӢ ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ " САЛОМАТӢ ВА ҒИЗО ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2027"

14- апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода Шӯрои шаҳрии байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои" Саломатӣ ва ғизо дар давраи то соли 2027 " бо аъзоёни Шӯро баргузор гардид.
 
Зикр гардид,ки дар асоси қарори раиси шаҳри Норак аз 20- уми декабри соли 2021,таҳти рақами 356 "Дар бораи таъсиси Шӯрои вилояти байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои " Саломатӣ ва ғизо дар давраи то соли 2027" дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Шӯрои шаҳрии байниидоравӣ таъсис дода шуда,фаъолият намуда истодааст.
 
Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд.
 
1. Рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак аз 10- июни соли 2020 таҳти рақами 213 " Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 22- майи соли 2020 таҳти рақами 154," Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 таҳти рақами 463 " Дар бораи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккул ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024"
 
2.Рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак аз 12 августи соли 2022 " Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 13- июни соли 2022 таҳти рақами 118 " Дар бораи Барномаи вилоятии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022- 2027"," Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27- апрели соли 2022 таҳти рақами 205 " Дар бораи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027"
 
3.Масъалаҳои ҷорӣ.
 
Аз рӯи масъалаи якум табиб Эндокринолог Ғуломов Акбар ва аз рӯи масъалаи дуюм бошад раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Сафарова Аслия баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои ҷори муовини раиси шаҳр баромад намуда ва ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.