АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОИ ДУШАНБЕ, ХАЁЛАМ ЗЕБИ ДУНЁИ ДУШАНБЕ.
- Нашр шуд: 17.04.2023 02:15
Душанбе калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, таърихи хеле қадима дорад. Кофтуковҳо бостоншиносӣ дарак медиҳанд, ки дар ҷои он дар замонҳои қадим шаҳрҳои маҳалҳои аҳолинишин вуҷуд доштанд.
Мувофиқи ривоятҳо шаҳри Душанбе дар ҷои бозор пайдо шудааст. Ҳар ҳафта, рӯзи душанбе мардумони деҳаҳои гирду атроф ба инҷо омада, маҳсулоти заруриро харидорӣ менамуданд. Тадриҷан дар назди бозор дастгоҳҳои ҳунармандӣ, анборҳои ғалла ва ғайра пайдо шуда, оҳиста-оҳиста манзилҳои истиқоматӣ қомат рост карда, бо мурури замон шаҳр пайдо мешавад. Номи Душанбе дар адабиётҳои асри XVII бештар ба назар мерасад. Умуман, аз рӯи хулосаи муаррихону бостоншинос шаҳри Душанбе таърихи беш аз 2300 - сола дорад.
Пас аз гузарондани тақсимоти ҳудудӣ-миллии соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис ёфт. 5 феврали соли 1925 ба Душанбе аввалин ҳукумати расмӣ–Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон омад. То ин дам Душанбе як деҳа буд. 15-уми марти соли 1925 дар Душанбе ҷамъомади аҳолии Бухорои Шарқӣ баргузор гардид ва эъломия оид ба таъсиси ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон эълон гардид. Баъд аз он ба Душанбе мақоми шаҳр дода шуда, он пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълон шуд.
Шаҳри Душанбе имрӯзҳо бо қомат афрохтани иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, боғу гулгаштҳо, мактабу муассисаҳои фарҳангӣ, майдону толорҳои варзишӣ, биноҳои баландошёнаи замонавӣ қалби ҳазорон меҳмонону ҷаҳонгардонро моили худ намудааст. Дар ин радиф метавон зикр кард, ки созандагиҳои пойтахти Ватани маҳбумон, минҷумла гулгаштҳои он, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, ки сари ҳар қадам ба чашм мерасанд, барои дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамчун намунаи олии пешрафту шукуфтанҳо ба ҳисоб мераванд.
Боиси ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 90 – солагии шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки “Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо заҳмати софдилона ва ҳиммати аҳлонаи худ пойтахти маҳбубамонро ободу пешрафта гардонем. Шӯҳрати онро боз ҳам афзун намоем, ба хотири таъмини суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун азму талош варзем, инчунин кушиш кунем, ки иҷрои ин корҳои хайр вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳар як шаҳрванди пойтахт гардад”.Бо ин мақсад ҳамватанони азиз рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.
Зӯҳро Ҳакимзода- муовини раиси шаҳри Норак