МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

АЁДАТИ МОДАРИ 102 СОЛА ВА 100 СОЛА ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид баҳри амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр модари 102 сола Сангова Баҳригул ва Охунова Заведаи 100 соларо аёдат намуд.
 
Модарон баҳри дастгириву таваҷҷӯҳи пайваста ба модарону бонувон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.