МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ШӮРОИ ЗАНОНИ ШАҲРИ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 19 - апрел Шӯрои занони шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири бахши кор бо занон ва оила Шулашова Ҳабиба, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак Зуҳурова Дилбар, шӯрои занони ҷамоатҳои деҳот ва муассисаю корхонаҳо баргузор гардид.
 
Шӯрои мазкурро мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Шулашова Ҳабиба оғоз намуда, сухани нахустинро ба муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро доданд.
 
Ҳакимзода Зуҳро зимни суханронӣ оид ба пошхурии оилаҳои ҷавон, худкушию худсӯзӣ,содир намудани ҷинояткорӣ миёни занон, тамоюли бегонапарастӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд," "Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон," "Дар бораи иттиходияхои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"иброз намуданд. Дар охир қайд намуданд,ки бо қарори Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел Иди Саиди фитр тасдиқ гардид. Бинобар ин гаштугузори кӯдакону наврасон қатъиян манъ карда шуда, зери назорати гирифта шавад.Қайд намуданд, ки бо дастгириҳои пайвасаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳаёти бонувони тоҷик тағйиротҳои ба куллӣ фарқкунанда ва назаррасро дидан мумкин аст. Хушбахтии мо занон аст, ки дар ин айём зиндагӣ ва фаъолият менамоем. Мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии диёр ба марҳилаи нав расидааст. Шаҳомат ва мақоми баланди мо занон маҳсули муборизаҳои зиёд аст. Дар гӯшаи хаёл ҳам набуд, ки замоне фаро мерасад ва занон дар мақоми роҳбарият мансабҳои зиёди давлатиро соҳиб мешаванд. Мусаллам аст, ки зан ва модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқи тоҷик барои пойдории нангу номуси миллӣ, рушди фарҳанг, ҳастии забон содиқона хизмат кардаанд. Имрӯз занон дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақоми олии қонунбарор, мақомоти интизомӣ, маорифу тандурустӣ ва ғайра нақши шоиста доранд. Онҳо дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳо фаъолона ширкат меварзанд.
 
Қабули як силсила Фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ ҷиҳати таҳкими мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ баландҳимматӣ ва қадршиносии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан-модарро нишон медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон иштироки баробари занонро дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дастгирӣ менамояд. Имрӯз бонувони мо бо азму талош баҳри ширкат дар корҳои азими бунёдкориву созандагӣ саҳми худро мегузоранд.
 
Дар охир аз ҷониби муовини раиси шаҳр барои фаъолияти хуби кори Шӯро супоришҳои мушаххас дода шуд.