МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК

17 апрели соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таҳти раёсати раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
 
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
 
Дар ҷаласа аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат оид ба рафти иврои қарори раиси шаҳри Норак аз 13 июни соли 2022 №289 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 марти соли 2022, №102 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №567 “Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
 
Роҳбарияти шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод зимни баррасии масъалаи супоришҳои протоколи аз роҳбарони муассисаҳои шаҳр пурсон шуда, барои саривақт иҷро намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.