МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҳамватанони азиз!
 
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.
 
Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату паҳрезкорӣ, раҳму шавқат ва некиву накукорӣ ҳидоят карда, имони ўро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.
 
Мардуми мо дар арафа ва рўзи Иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кўмак мерасонанд.
 
Раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагону муҳтоҷон аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад.
 
Бо истифода аз фурсат, хотирнишон месозам, ки вазъияти пурпечутоби ҷаҳони имрўза ҳар яки мову шуморо водор месозад, ки дар рӯзҳои иди саиди фитр илова ба анҷом додани фаризаҳои динӣ ва амалҳои хайру савоб ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз имконоти мавҷуда дар таъмини амнияти озуқаворӣ бетараф набошем.
Суханҳоеро, ки Пешвои миллат иброз доштанд набояд фаромўш созем:
«Мо бояд ҳар рўзро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем.
Мо, аллакай, имрўз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд.
 
Мо бояд софдилонаву аҳлона заҳмат кашем, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ, ҳар як хонадони мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянкардаамон беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.
 
Моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондўстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода барем».
 
Мо набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан исрофи нон ва дигар маҳсулоти хўрокворӣ роҳ дидем.
 
Воқеан, исрофкориро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад ва Худованд дар каломи осмонии худ дар ояти бисту ҳафтуми сураи «Исро» мефармояд: «Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст».
 
Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам оварардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандон, ободии хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зист равона карда шаванд.
 
Мо вазифадорем, ки сарзамини аҷдодиамонро обод кунем, рушди давлатамонро таъмин намоем, ба наслҳои оянда як мулки осуда ва давлати неруманду пешрафтаро мерос гузорем.
 
Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми сокинони сарбаланди шаҳр ва мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
 
Иди саиди Фитр муборак бошад!