МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2024
Норак

ФАРЗАНД МЕВАИ УМРИ ИНСОН АСТ!

Дар санаи 25 - апрел тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар МТМУ № 4 - и деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак вохӯри бо падару модарони хонандагон ва хонандагони синфҳои 9,10,11 баргузор гардид.
 
Дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳр Шулашова Ҳабиба иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.
 
Хамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.