МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода аз самаранок истифода намудани заминҳои назди муассасаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 -дидан намуданд.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, корам, наздиҳавлигӣ, шартномавӣ,назди муассасаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, дурусту оқилона истифода бурдани заминҳо ва рӯёнидани 3-4 ҳосил дар як сол, инчунин ғанӣ гардонидани бозорҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ чунин қайд намуда буданд: «Бинобар ин, бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд».