МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

СОЛИМИИ МОДАРУ КӮДАК СОЛИМИ ҶОМЕА МЕБОШАД

Иштирок ва суханронии муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода дар семинари ҳамкорони лоиҳаи " Таъмини саломатии модару кӯдак ва банақшагирии инфиродии оила дар Тоҷикистон" дар беморхонаи марказии шаҳри Норак.

“Модар - сарчашмаи зиндагӣ аст”

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 7 марти соли 2023 бахшида ба Рӯзи Модар дар Касри фарҳанги шаҳр консерти идона бо иштироки ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Зиёвуддини Нурзод баргузор гардид.
 
Дар консерти идона муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро иштирок намуда, аҳли нишастро табрик гуфта иброз доштанд, ки хидматҳои шоистаи занони собиқадорро дар рушду нумӯи диёр васф намуд ва нақши арзандаи бонувони роҳбар, ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар амри пешрафти кунунии ноҳия лоиқи таҳсин хонд.
Итминони комил дорем, ки модарону хоҳарони азизи шаҳри мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
 
Барномаи консертии сарояндаи шинохтаи кишвар Зиёвуддини Нурзод дар мавзӯъи“Модар - сарчашмаи зиндагӣ аст”, ки тараннумгари меҳру садоқати модар ва назокату латофати бонувон буд, ин чорабинии фарҳангиро ба ҷашнии воқеии модарон, бонувон ва гулдухтарон табдил дод.
 

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 7-марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак ба ифтихори "Рӯзи Модар" бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод чорабинии тантанавӣ доир гардид.
 
Дар чорабинӣ, бонувони собиқадор, меҳтарони хизмати давлатӣ, фаъолон ва бонувони дигар касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
 
Дар қисми тантанавӣ Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод баромад намуда, бонувону модарони аҳли толорро бахшида ба "Рӯзи модар" табрик намуда, иброз намуданд, ки воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
 
Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.
 
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
 

Муфассал: ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР ШАҲРИ НОРАК

АЁДАТИ МОДАРИ САРБОЗИ ШАҲИД

Санаи 8 марти соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Модарон муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат, муовини раиси шаҳр-Ҳакимзода Зуҳро ба аёдати модари сарбози шаҳид, Маҳмудов Неъматулло Раҳматуллоевич рафта, ба аҳли оилаи марҳум тассалият ва ҳамдардӣ баён намуданд.

 

 

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Модарону хоҳарон ва бонувони азиз!
 
Дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат бо як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар табрик мегӯям.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ба он хотир чунин ном ниҳоданд, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи Ҳукумати мамлакат ва худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созанд. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад.
 
Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.
 
Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем.
 

Муфассал: ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”