МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

АЁ МОДАР! ЗАМИНУ ОСМОНИ МАН ТУ ҲАСТӢ

Санаи 1-уми марти соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи модар дар Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳри Норак чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Аё модар! замину осмони ман ту ҳастӣ” бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак- Ҳакимзода Зуҳро, мудири маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи- Шулашова Ҳабиба ва омӯзгорон ва хонандагони муассиса доир гардид.
 
Чорабинии идонаро директори муассиса, Фароғадзода Насиба бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои чорабиниро ба меҳмонону аҳли нишаст иброз дошта тамоми иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи занону модарон табрику таҳният намуданд.
 
Сипас Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳр баромад намуда, қайд намуд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
 

Муфассал: АЁ МОДАР! ЗАМИНУ ОСМОНИ МАН ТУ ҲАСТӢ

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Санаи 2 марти соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи Модар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Норак чорабинии идонаи бо иштироки муовини раиси шаҳр- Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак-Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, мудири маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳр-Шулашова Ҳабиба, омӯзгорон ва хонандагони муассиса баргузор гардид.
 
Зуҳро Ҳаикмзода-муовини Раиси шаҳр зимни баромад зикр намуд намуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
 
Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.
 

Муфассал: ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

ЗУҲРО ҲАКИМЗОДА МОДАРИ 102 СОЛАРО АЁДАТ НАМУД

Муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид баҳри амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар модари 102 сола Сангова Баҳригул аёдат намуд.
 
Модари 102 Сангова Баргигул баҳри дастгириву таваҷҷӯҳи пайваста ба модарону бонувон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
 

МО НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ!

"Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд".
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
 
Баробари фарорасии фасли зебои баҳор талабот аз ҷониби занону духтарон ба лисбосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атлас зиёд мегардад. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин мо бояд унсурҳои миллию хосаи худро дошта бошем. Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад.
 
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
 

Муфассал: МО НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ!

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАРАННУМГАРИ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ МИЛЛАТ АСТ

Суратгузориш аз рафти баргузор намудани аксияи итилооти таҳти унвони "ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАРАННУМГАРИ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ МИЛЛАТ АСТ" бахшида ба Рӯзи модарон.

 

 

Муфассал: ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАРАННУМГАРИ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ МИЛЛАТ АСТ