МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТҲОИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРИ НОРАК ДАР СОЛИ 2022

1 марти соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти фаъолияти мақомотиҳои худфаъолиятии ҷамъиятии шаҳри Норак дар соли 2022 доир гардид.
 
Дар кор ҷаласа раиси шаҳри Норак- Асозода Дилшод Алимурод, намояндагони лоиҳаи "Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа" дар ҳайати Дамонов Раҳмон-сармушовир оид ба рушди ҷомеа, Қурбонов Искандар-мененҷери лоиҳа, Қурбонов Азиз- мушовир оид ба рушди соҳибкорӣ ва инноватсия иштирок ва суханронӣ намуданд.

НОРАК ШАҲРИ ГУЛҲО

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, бо дастгирии раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва шинонидани гулҳои мавсимӣ дар шаҳри нурофарон бо маром идома дорад.

 

Муфассал: НОРАК ШАҲРИ ГУЛҲО

НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

1 марти соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба «Рӯзи модар» мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, фаъолзанони шаҳр ва собиқадорон занони барӯманди шаҳр, баргузор карда шуд.
 
Асозода Дилшод Алимурод -раиси шаҳри Норак кулли бонувони шарафманди шаҳрро бо иди Баҳор ва Рӯзи Модар шодбош намуда, зимни баромади хеш зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.