ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК МУҲТАРАМ АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
-
Нашр шуд: 16.05.2023 02:08

Ҳамдиёрони азиз!
Зарур ба ёдоварист, ки Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар арсаи байналхалқӣ рӯзи 15 майро Рӯзи байналмилалии оила эълон намуда, аз соли 1993 то инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ба Рўзи оила табрик гуфта, саломатӣ, рӯзгори наку, хушбахтии оилавӣ ва хонаободиву сарбаландиро таманно менамоям.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рўзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомўзад ва ҳамчунин фарзандон ҳамарўза дар ин дабистоне, ки омўзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд.
Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд.
Муфассал: ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК МУҲТАРАМ АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА