ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН
- Нашр шуд: 01.05.2023 02:15
"ОМӮЗГОР БОЯД ТАРБИЯТДИДА БОШАД, ВАГАРНА КАСЕ АЗ ВАЙ ДОНИШ ВА ТАЪЛИМИ ДУРУСТ ГИРИФТА НАМЕТАВОНАД"
«Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад». Ин яке аз муҳимтарин нуктаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд. Воқеан ҳам маориф чун воситаи асосиест, ки барои рушд ва пешравии миллат хизмат менамояд.