Санаи 12 майи соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст " бо иштироки муовини раиси шаҳри Зуҳро Ҳакимзода оғоз гардид. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷоди, ғанӣ гардонидани захираи луғавии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода иштирок намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҳамагонро хайру мақдам гуфт. Иброз дошт, ки бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маориф ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Муфассал: ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ОҒОЗ ЁФТ