МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2023
Норак

ДАВИДАНРО ШОҲИ ВАРЗИШ МЕНОМАНД

Давиданро шоҳи варзиш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғуланд, чусту чолок, ҷасуру моҳир мегарданд.
 
Ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май дар саросари кишварамон Рӯзи дави миллӣ таҷлил карда мешавад.
 
Ватани азизамон Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ба варзиш Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба соҳа шурӯъ кард. Ҳамзамон ба хотири оммавияти варзиш имконият фароҳам оварда шуд, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш таъмин гардад. Ҳамин буд, ки ба хотири ҳамдилии миллати тоҷик дар соли 1993 аз тарафи ҳаракати олимпӣ Дави олимпӣ баргузор шуд ва он давоми солҳои дигар идома ёфт. Шурӯъ аз соли 2007 тибқи фармони Роҳбари давлат ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май Рӯзи дави миллӣ ба нақша гирифта шуд ва аз ҳамон сол инҷониб он номи Дави миллиро гирифт.

БА ҚАДРИ СУЛҲУ ОРОМИИ ВАТАН РАСИДАН ВАЗИФАИ ҲАР ҶАВОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

"Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст"
Пешвои муаззами миллат Мӯҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар эътимоди беандоза доранд ва дар шахсияти ҳар яки мо ояндаи миллатро мебинанд. Ба ин хотир, дар мулоқоташон ба муносибати Рӯзи ҷавонон иброз доштанд, ки “Ҷавонони мо ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд.”
Пешвои миллат дар ҳар вохӯриву мулоқоташон ба ҷавонони болаёқат, фарзандони оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор таваҷҷуҳ намуда, кумаки амалии худро мерасонанд. Доимо падарвор насиҳат мекунанд, ки илму дониши замонавӣ, технологияҳои муосир, якчанд забони хориҷиро азхуд намоянд, соҳиби касбу ҳунар гарданд.
 

Муфассал: БА ҚАДРИ СУЛҲУ ОРОМИИ ВАТАН РАСИДАН ВАЗИФАИ ҲАР ҶАВОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

ХУСРАВ ИФТИХОРИ ШАҲРИ НОРАК

Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан - Модар барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб рафта, баробари оғоз гардидани мавсими даъвати баҳорӣ теъдоди ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Артиш афзуда истодааст.
 
Далели гуфтаҳо ин аст, ки яке аз чунин ҷавонон Мирзоев Хусравҷон фарзанди ба ору номуси мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Шулашова Ҳабиба Нуруллоевна баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик Муҳаммад Осимӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти баланди фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир гардид.
 

КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ “ҶАВОНОН ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН” ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 18 май дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХТДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод Конференсия ҳизбӣ таҳти унвони “Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан” баргузор гардид.
 
Дар толори Қасри фарҳанги шаҳр Конференсияи ҳизбӣ дар мавзӯъи “Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан” оғоз гардида, Шаҳло Ҳасанзода раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳамасола 23 май дар саросари кишварамон Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки : “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму дониши муосирро азхуд намуда, барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саъю талош доранд. Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯзҳо рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.
 

Муфассал: КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ “ҶАВОНОН ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН” ДАР ШАҲРИ НОРАК