МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2023
Норак

СУРАТГУЗОРИШ

СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ДИПЛОМУ СИПОСНОМА ВА ДИГАР ТӮҲФАҲОИ ХОТИРАВӢ БА ҒОЛИБОНИ ЧОРАБИНИИ ДАВИ МИЛЛӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК ҲАКИМЗОДА ЗУҲРО МАҲМАДСАИД ВА МАҲМАДИЗОДА ХАЙРИДДИН БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

 

БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Субҳи имрӯз 21 майи соли 2023 дар шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, маъракаи оммавии варзишӣ доир гардид.
 
Дар Дави миллӣ раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод , муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагон аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва занону духтарон фаъолона иштирок намуданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҒАМХОРИ МИЛЛАТ

Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

АМИТ Ховар