МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2023
Норак

ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН УЗВИ ЯК ОИЛА" БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 22 майи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва ҷавонони касбу кори гуногун ҳамоиши васеъ таҳти унвони "Ҷавонон узви як оила" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда шуд.
 
Чорабиниро раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ифтитоҳ намуда, аз шароиту имкониятҳои фароҳам намудаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва саҳми назарраси онҳо дар рушду тараққиёти соҳаҳои гуногун аз ҷумла; хизмати давлатӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзиш ва дигар ташаббусҳои неку созандаи ҷавонон ёдоварӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумат махсусан Пешвои муаззами миллат қарор дошта, то имрӯз ибтикороти созандаву бунёдкоронаи ҷавонон пайваста дастгирӣ ёфта, фаъолияти ватандӯстиву босамари онҳо ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.
 

Муфассал: ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН УЗВИ ЯК ОИЛА" БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК