ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РАИСОНИ МАҲАЛЛА
-
Нашр шуд: 28.05.2023 13:35

Санаи 24 майи соли ҷорӣ дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак вохӯрии Сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр палковники милитсия Мирзозода Сайдаҳрор, муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро бо раисони маҳалла, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони минтақаҳои манзили шаҳр баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур асосан дар самти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба роҳ монда шуд.
Муфассал: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РАИСОНИ МАҲАЛЛА