МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2023
Норак

КӮДАКОН ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТАНД!

Санаи 30- май аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак як қатор кӯдакони имконияташон маҳдуд дошта,аз тарафи муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро бахшида ба "Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон" аёдат карда шуд.Ин иқдом аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак идома дорад.

 

КӮДАКОН - ОЯНДАИ МИЛЛАТ ВА МЕВАИ УМРИ ИНСОН АСТ!

Дар сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи насли наврас - қувваи бузурги мамлакат мақоми хосса дорад. Зеро ояндаи давлату миллат аз насли наврас вобастагии калон дорад.
 
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

Муфассал: КӮДАКОН - ОЯНДАИ МИЛЛАТ ВА МЕВАИ УМРИ ИНСОН АСТ!

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШИ РУШДИ ҶОМЕАИ МАҲАЛЛ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ "ТОМИРИС"

Санаи 26 - май дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода,муовини директори МДМТКТ Шаҳло Ҷӯраева, директори ташкилоти ҷамъиятии "ТОМИРИС", намояндаи DVV internehsl ва намояндагони муассисаҳою ташкилотҳои шаҳр иштирок доштанд.
 
Меҳмононро муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода муарифи намуда,қайд намуданд, ки таълими калонсолон яке аз праблемаҳои асоси ба ҳисоб рафта,мебояд барои ин қишри ҷомеа дастгири намоем.Чунки дар ҷаҳонишави қарор дорем,калонсолон низ бояд ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб карда шавад.Ба шахсони масъул таъкид карда шуд,ки оиди дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" Дар бораи таълими калонсолон" - по дар амал тадбиқ намоянд.

Муфассал: ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШИ РУШДИ ҶОМЕАИ МАҲАЛЛ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ "ТОМИРИС"