МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2023
Норак

ВАТАН ВА МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ НОМИ ФАРЗАНДОНИ ҶОНФИДОЮ ҲОМИЁНИ БАҲОДУРИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД

Санаи 9 июни соли 2023 дар маҳаллаи Энергетик кӯчаи Маҳмудов Неъматуллои шаҳри Норак, ки ин кӯча ба номи сарбози шаҳидшуда Маҳмудов Неъматулло Раҳматуллоевич номгузорӣ шудааст, ҷамъомад доир шуд, ки дар он ба сарбози шаҳидшуда, ки баҳри ҳимояи ватан ҷон бохтааст ордени "Шараф" дараҷаи 2 ба падару модари Неъматулло супорида шуд.
 
Дар он муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳади КДАМ оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ, генерал-майёр Назарзода Турабек Камол, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайридин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва сокинони маҳаллаи Энергетики кӯчаи Маҳмудов Неъматулло, ҷавонону хонандагон муасисаи таълимии рақами 9- маҳаллаи мазкур ширкат доштанд.

Муфассал: ВАТАН ВА МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ НОМИ ФАРЗАНДОНИ ҶОНФИДОЮ ҲОМИЁНИ БАҲОДУРИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД

ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ

Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Маркази таълимии касбомузии Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айни дар шахри Норак хониши сиёсӣ доир ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ бо донишҷӯёни Маркази таълимии касбомузии Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни дар шаҳри Норак дар шаҳри Норак баргузор карда шуд.
 
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро, ёрдамчии прокурори шаҳр Султонзода Баҳодур, иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

Муфассал: ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ

Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Намояндагии муассисаи давлатии" Маркази таълими калонсолони Точикистон" дар шаҳри Норак хониши сиёсӣ доир ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ бо иштироки касбомузони Намояндагии муассисаи давлатии" Маркази таълими калонсолони Точикистон" дар шаҳри Норак баргузор карда шуд.
 

Муфассал: ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ

ДИДАН НАМУДАНИ МЕҲМОНИ ХОРИҶӢ АЗ ОБАНБОРИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ НОРАК

Аслан Норакро бо бузургатарин нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надорад, мешиносанд. Табиати ба худ хос, шаршараи зебо ва обанбори НБО-и Норак басо дилфиребу лиданӣ буда, сайёҳони зиёде аз дохилу хориҷи кишвар пайваста аз он баҳравар мешавад.

 

Муфассал: ДИДАН НАМУДАНИ МЕҲМОНИ ХОРИҶӢ АЗ ОБАНБОРИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ НОРАК

Суратгузориш аз рафти қабули меҳмонони хориҷӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар даромадгоҳи Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак

Суратгузориш аз рафти қабули меҳмонони хориҷӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар даромадгоҳи Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак

Муфассал: Суратгузориш аз рафти қабули меҳмонони хориҷӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри...