СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРУҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 12.06.2023 06:28
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 - апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баён гардида буд, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Ризозода А.- раиси Кумитаи иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳаикмзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайридин, масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, шуъбаю бахшҳои занон, маориф, фарҳанг, ҷавонон, танзим, бо сокинони минтақаи манзилии рақами 1 кӯчаи Г.Асоев шаҳри Норак суҳбату вохурӣ гузарониданд.
АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР КӮЛИ "КОМСОМОЛ"-И ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 12.06.2023 06:24
Санаи 10 июни соли 2023 дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки кормандони корхонаю муассисаҳо ва ҷавонони шаҳр бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани назди соҳили дарёи Вахш дар кӯли «Комсомол»-и шаҳри Норак аксияи тозагӣ баргузор карда шуд.
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮЪИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ"
- Нашр шуд: 12.06.2023 06:18
Санаи 9 июни соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мизи мудаввар дар мавзӯъи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ "бо иштироки муовинони раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайридин, ёрдамчии прокурори шаҳр Султонзода Баҳодур, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои занон, ҷавонон, маориф ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳр иштирок намуданд.
Дар рафти мизи мудаввар доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озоди виҷдон ва иттиҳодияи динӣ" ҳамзамон пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар ҷомеа аз тарафи масъулин ба онҳо расонида шуданд.
ВАТАН ВА МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ НОМИ ФАРЗАНДОНИ ҶОНФИДОЮ ҲОМИЁНИ БАҲОДУРИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД
- Нашр шуд: 10.06.2023 04:20
Санаи 9 июни соли 2023 дар маҳаллаи Энергетик кӯчаи Маҳмудов Неъматуллои шаҳри Норак, ки ин кӯча ба номи сарбози шаҳидшуда Маҳмудов Неъматулло Раҳматуллоевич номгузорӣ шудааст, ҷамъомад доир шуд, ки дар он ба сарбози шаҳидшуда, ки баҳри ҳимояи ватан ҷон бохтааст ордени "Шараф" дараҷаи 2 ба падару модари Неъматулло супорида шуд.
Дар он муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳади КДАМ оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ, генерал-майёр Назарзода Турабек Камол, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайридин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва сокинони маҳаллаи Энергетики кӯчаи Маҳмудов Неъматулло, ҷавонону хонандагон муасисаи таълимии рақами 9- маҳаллаи мазкур ширкат доштанд.
Муфассал: ВАТАН ВА МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ НОМИ ФАРЗАНДОНИ ҶОНФИДОЮ ҲОМИЁНИ БАҲОДУРИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД
ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ
- Нашр шуд: 10.06.2023 04:13
Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Маркази таълимии касбомузии Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айни дар шахри Норак хониши сиёсӣ доир ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ бо донишҷӯёни Маркази таълимии касбомузии Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни дар шаҳри Норак дар шаҳри Норак баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро, ёрдамчии прокурори шаҳр Султонзода Баҳодур, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муфассал: ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ
Хабарҳои дигар...
- ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ
- ДИДАН НАМУДАНИ МЕҲМОНИ ХОРИҶӢ АЗ ОБАНБОРИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ НОРАК
- Суратгузориш аз рафти қабули меҳмонони хориҷӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар даромадгоҳи Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак
- МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА РЕЙДҲОИ МУШТАРАК ДАР ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАӢ ХОНАНДАГОН