НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ!
-
Нашр шуд: 19.06.2023 03:41
"Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд".
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташабусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин, онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳоли соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
НОРАК ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ.
-
Нашр шуд: 15.06.2023 02:18
Санаи 14 - июни соли равон тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак доир ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинон, ҷавонон ва волидайни хонандагони МТМУ рақами 8-деҳаи Туғмазори Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Зуҳро Ҳакимзода - муовини раиси шаҳри Норак, мудири шуъбаи маорифи шаҳр- Ҳайдарзода Садбарг, раиси Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ-Каримзода Анзурат, мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Нуров Пирмаҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат, Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи шаҳр Зуҳурова Дилбар, намояндаи ШВКД дар шаҳри Норак Аҳмадзода Муҳаммад иштирок ва баромад намуданд.
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ДАР ШАҲРИ НОРАК
-
Нашр шуд: 15.06.2023 02:14