ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД
- Нашр шуд: 02.06.2023 20:22
Имрӯз, 31 майи соли 2023 дар Истироҳатгоҳи Чашмаи шаҳри Норак ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Табаров Н дастархони идона ороста шуд.
Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод кӯдаконро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимома муборакбод намуда, дар ҷодаи таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд.
Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ятимону маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Баргузории ҷамъомади имрӯза низ, дар пайгирии ин иқдомҳои ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардида истодааст.