МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2023
Норак

ПОДШОҲ СОЯИ ХУДО БОШАД,СОЯ БО ЗОТ ОШНО БОШАД!

Дар ҳадисҳои бузургони тоҷик қайд карда шудааст,подшоҳон дар рӯи замин фиристодагони Худованд мебошанд,инчунин омадааст, ки Худованд инсонро лоиқ бинад дар болои як нафар роҳбар мемонанд. Имрӯз хушбахттарин миллат дар рӯи замин ин миллати тоҷик аст,дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифгари он Пешвои муаззами миллат мебошад.
 
Аз таърих гувоҳ аст,ки пеш аз ҳазор сол соҳиби давлат будем ва баъди ҳазор сол бо заҳматҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат соҳиби давлат шудем.Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ,Ҷумҳури Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид.Мутассифона дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.
 

Муфассал: ПОДШОҲ СОЯИ ХУДО БОШАД,СОЯ БО ЗОТ ОШНО БОШАД!

БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 18 июли соли 2023 дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Шурои рушди маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, баргузор гардид.
 
Дар Шуро муовини раиси шаҳр-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг ва дигар аъзоён иштирок намуданд.
 
Дар кори Шӯрои рушди маорифи шаҳр- масъалаҳои «Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои руссӣ ва англисӣ барои то солҳои 2030», «Барномаи давлатии Рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи 20-солаи рушди фанҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ барои солҳои 2020-2040» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Суратгузориш аз рафти баргузории аксия таблиғоти миёни сокинони шаҳри Норак таҳти унвони "ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ"
 
Имрӯз ҷавонон пешбарандаи сиёсати Пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат буда, уҳдадориҳояшонро бо сари баланд ба анҷом мерасонанд. Ҷавонон имрӯз омодаанд то бар муқобили тамоми қувваҳои бадхоҳ мубориза баранд. Ҷавони донишманд ҳамеша муваффақ ва комрон аст. Мактаби мардонагиву шуҷоатмандии Роҳбари олии кишвар ибрат аст ба ҳар як ҷавони бо нангу ор. Имрӯз ҷавонон дар як паҳлу муқобили ҷинояту ҷинояткори мубориза мебаранд, ин аст ҷавониву ҷавонмардӣ.

Муфассал: ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСИ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" БАЙНИ КОРМАНДОНИ ИДОРА, ТАШКИЛОТ ВА МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ НОРАК

Имрӯз 18 июли соли 2023 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Норак бахшида таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо иштироки кормандони Нерӯгоҳи Барқии Обии Бойгозӣ доир гардид.
 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар муассисаи мазкур намояндагии ФИҶТ дар шаҳри таъсис дода шуда бо пешниҳоди ҳайати кормандон раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонон дар корхонаи мазкур Ҳасанов Зайдулло бо овоздиҳии иштирокчиён интихоб карда шуда, зимнан аз ҳисоби кормандони ин муассиса аъзоён ба филиали Иттифоқи ҷавонон аъзо карда шуданд.

НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Терроризм ва экстремизм яке аз муаммоҳои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз муаммои асосии мо мебошад.
 
Мубориза бар зидди терроризм ва решакан кардани он, ки таҳдиди ҷаҳонӣ дорад, ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин мубориза ҳам дар шакли алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли якҷоя бо дигар давлатҳо идома дорад. Мардуми бечораи ваҳшатзадаи сарзамини Сурия ва Афғонистон дар ҳолати сахти гуруснагиву оворагардӣ қарор дошта, ҷангҳои харобиовар идома ёфта, боиси шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардид.
 

Муфассал: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!