МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2023
Норак

АЁДАТИ МАЪЮБОН ВА ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР АРАФАИ РӮЗИ МАЪЮБОН

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд.
 
Дар ҳамин асос бо дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, санаи 7 июли соли 2023 муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бахшида ба Рӯзи маъюбон нафароне, ки имконияташон маҳдуд мебошад аёдат намуданд.

НАТИҶАГИРИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ДАВОМИ ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023

Санаи 7 июли соли 2023 дар беморхонаи марказии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро ва масъулини соҳаи тандурустӣ ҷамъбасти фаъолияти соҳаи тандурустӣ ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2023 баргузор гардид.
 
Сараввал Сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Файзализода Сайвали оид ба фаъолияти соҳаи тандурусти дар давоми шаш моҳи соли 2023 ҳисобот доданд.
 
Сипас муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода ба сухан баромада, иброз доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
 

СУҲБАТУ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ БО СОҲИБКОРОНИ БОЗОРИ "СОМОНИЁН"-И ШАҲРИ НОРАК

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак доир ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мулоқоти гурӯҳи корӣ бо соҳибкорони бозори "Сомониён"-и шаҳри Норак баргузор гардид.
 
Дар вохӯрӣ муовинони раиси шаҳри Норак-Маҳмадизода Хайридин, Ҳакимзода Зуҳро иштирок ва баромад намуданд.
 
Баромадчиён роҷеъ ба раванди иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” маълумот ироа намуда, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки терроризм, экстремизм ва бегонапарастӣ яке аз масъалаҳои хатарзои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат дар ин самт ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
 

Муфассал: СУҲБАТУ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ БО СОҲИБКОРОНИ БОЗОРИ "СОМОНИЁН"-И ШАҲРИ НОРАК

ТАЪМИРИ ҶОРӢ ВА ОМОДАШАВИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Бо кумак ва дастгирии ассотсиатсияи падару модарон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, раисони маҳалла ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Норак оғоз гардид.
 
Пас аз ба таътили тобистона гусел намудани хонандагони синфҳои ибтидоӣ, аллакай, дар дастаҷамъӣ омӯзгорону волидон бо ҷалби дигар масъулон ба корҳои тозаву озода намудан, рангу бор кардан ва зебогардонии ҳудуди муассиса, толорҳо, роҳрав, синфҳонаҳо ва амсоли ин пардохтанд.

ОРОСТАНИ ДАСТУРХОНИ ИДОНА БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ НОРАК