НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023
- Нашр шуд: 03.07.2023 04:28

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Ҳайдарзода Садбарг аз бурду бохти соҳа дар шаш моҳи соли 2023 ҳисобот доданд.
БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК ҲАКИМЗОДА ЗУҲРО МАҲМАДСАИД АЗ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДЕҲАИ ДУРДАСТИ ДАЛДАХУРОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУЛИ САНГИН ШАҲРИ НОРАК.
- Нашр шуд: 03.07.2023 04:24
![]() |
![]() |
![]() |
СОКИНОН ЧӢ ГУНА ҚУРБОНИИ САВДОИ ОДАМОН МЕШАВАНД?
- Нашр шуд: 03.07.2023 04:20

Мутахассисон дар он назар ҳастанд, ки бештари қурбониёни савдои одамонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ба доми чунин нафарон бештар афроде гирифтор мешаванд, ки аз оилаҳои осебпазиранд, ё ин ки вазъи молиявии бад доранд.“Нафароне ба ин ҳолат гирифтор мешаванд, ки онҳо аз оилаҳои осебпазиранд. Он оилаҳое, ки саробон надоранд ё ин ки шароити иқтисодияшон хеле вазнин аст”,чандин марҳилаҳои дуру дарозе ҳастанд, ки бо қурбониёни савдои одамон анҷом дода мешавад. Ин нафарон аввалан аз эътимолият кор мегиранд ва вақте онҳоро ба дом афтонданд, ба гирифтани ҳуҷҷатҳои шахсӣ гӯё барои қайд ё барои ҷойгир намудани қурбонӣ дар объекти таҳти назорат ё беҳуқуқ тарки ҳудуди он мебошад. Пас аз ин бо психологияи онҳо кор мекунанд, бо истифодаи зӯроварӣ, тарс додан, ҷазодиҳии намоишкоронаи қурбонии дигар, то куштор, шиканҷа, гуруснагӣ ва дигар чораҳои ба инҳо монанд, рафтор мекунанд. Сипас марҳилаи ба дигар кас фурӯхтан фаро мерасад,онҳо бо одамони заъиф бештар сару кор мегиранд ва онҳоро мағзшӯӣ карда, зуд ба доми худ гирифтор мекунанд.Нафароне,,ки ба савдои одамон машғуланд, аз нигоҳи равонӣ низ бо қурбониёнашон назар мекунанд ва бо мафкураи онҳо сарукор мегиранд.Инсонҳое бештаре,қурбони савдои одамон мешаванд, ки худбаҳодиҳиашон дар сатҳи хеле паст қарор дорад.