МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2023
Норак

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Имрӯз 3 июли соли 2023 таҳти раисии муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
 
Азимзода Шуҳрат аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас доданд.