СУҲБАТУ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ БО СОҲИБКОРОНИ БОЗОРИ "СОМОНИЁН"-И ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 06.07.2023 09:38

Дар вохӯрӣ муовинони раиси шаҳри Норак-Маҳмадизода Хайридин, Ҳакимзода Зуҳро иштирок ва баромад намуданд.
Баромадчиён роҷеъ ба раванди иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” маълумот ироа намуда, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки терроризм, экстремизм ва бегонапарастӣ яке аз масъалаҳои хатарзои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат дар ин самт ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Муфассал: СУҲБАТУ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ БО СОҲИБКОРОНИ БОЗОРИ "СОМОНИЁН"-И ШАҲРИ НОРАК