МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2023
Норак

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ ШАҲРИ НОРАК

Санаи 11 июли соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигӣ, ҷавонон,занон,наврасон, эмомхатибон, раисони маҳалла, ҷамоатҳои деҳот, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид.
 
Дар вохӯри муовини Роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. Сардори ШВКД дар шаҳри Норак Полковники милитсия Мирзозода Сайдаҳрор, муовинони раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайриддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

Муфассал: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ ШАҲРИ НОРАК

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУАЙЯН НАМУДАНИ БЕҲТАРИН ШАҲРАКУ ДЕҲОТ ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУДАНД

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд вусъат додани корҳои ободонӣ, созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 феврали соли 2023, №46 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар вилояти Хатлон” қарори дахлдори раиси шаҳри Норак аз 2 марти соли 2023, №93 ба тасвиб расида, дар асоси он ҳайати Комиссияи шаҳрӣ иборат аз 14 нафар аъзоён аз ҳисоби мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия ва роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр таъсис ва Низомномаи он тасдиқ гардида, баҳри иҷро ба масъулин дастрас карда шудааст.
 

Муфассал: ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУАЙЯН НАМУДАНИ БЕҲТАРИН ШАҲРАКУ ДЕҲОТ ҚАДРДОНӢ КАРДА...

ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ "АНДАЛЕБ-2023"

Намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи муассасаҳою ташкилотҳои шаҳр!