МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2023
Норак

НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ НОРАК ДАР БОҒИ КУРУШИ КАБИРИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 15 июли соли 2023 вобаста ба иҷрои Нақша - чорабиниҳои тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ, аз 22 июни соли 2023 Дар бораи баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ дастовардҳои варзишгарон ва барномаи фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин, раиси Иттифоқҳои Касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва масъулини МИҲД ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
 
Дар чорабини аҳли ҳунар ва заҳматкашони шаҳри Норак намоиши бошукуҳро барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор намуданд, ки ҷолибу диданӣ буд. Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро бо нархи арзон пешниҳоди харидорон карданд, ки бо истифода аз ин имконот сокинони ноҳия Шоҳмансур маҳсулоти ниёзи аввалияро аз ин тадбир харид карданд.
 

Муфассал: НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ НОРАК ДАР БОҒИ КУРУШИ КАБИРИИ НОҲИЯИ...