МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2023
Норак

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСИ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" БАЙНИ КОРМАНДОНИ ИДОРА, ТАШКИЛОТ ВА МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ НОРАК

Имрӯз 18 июли соли 2023 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Норак бахшида таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо иштироки кормандони Нерӯгоҳи Барқии Обии Бойгозӣ доир гардид.
 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар муассисаи мазкур намояндагии ФИҶТ дар шаҳри таъсис дода шуда бо пешниҳоди ҳайати кормандон раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонон дар корхонаи мазкур Ҳасанов Зайдулло бо овоздиҳии иштирокчиён интихоб карда шуда, зимнан аз ҳисоби кормандони ин муассиса аъзоён ба филиали Иттифоқи ҷавонон аъзо карда шуданд.

НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Терроризм ва экстремизм яке аз муаммоҳои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз муаммои асосии мо мебошад.
 
Мубориза бар зидди терроризм ва решакан кардани он, ки таҳдиди ҷаҳонӣ дорад, ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин мубориза ҳам дар шакли алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли якҷоя бо дигар давлатҳо идома дорад. Мардуми бечораи ваҳшатзадаи сарзамини Сурия ва Афғонистон дар ҳолати сахти гуруснагиву оворагардӣ қарор дошта, ҷангҳои харобиовар идома ёфта, боиси шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардид.
 

Муфассал: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!