
Ҳодисаҳои рӯзҳои охири моҳи июни соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода яке аз амалҳои террористие мебошад, ки натанҳо кишвари мо балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш андохта, дар нашрия ва сайтҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардида, боиси ҳангомаву дасисаҳои гурўҳҳои ифротӣ гардид.
Амали террористие, ки нисбати муовини раиси «Ориёнбонк» раво дониста шуд, амали номардонаву ғаӣриинсонӣ маҳсуб ёфта, аз ҷониби тамоми мақомотҳои қудратӣ ва аҳли ҷомеа маҳкум дониста шуд.
Бояд қайд намуд, ки ифротгароӣ ва ивоангезӣ дар тамоми давру замон ҳамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Дар сиёсатшиносии муосир ин падидаро бештар ба терроризму экстремизм нисбат медиҳанд.