МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2023
Норак

СОҲАИ ФАРҲАНГ БОЯД РУШД ДОДА ШАВАД

Таҳти чунин унвон имрӯз 24 июли соли 2023 муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бо аҳли фарҳанги шаҳри Норак вохӯри дар толори Қасри фарҳанги шаҳр доир намудаанд. Муовини раиси шаҳри Норак вохӯриро ифтитоҳ намуда, барои аҳли фарҳанги шаҳри Норак ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо изҳори сипос байён дошта, таъкид намуд, ки минбаъд низ бояд кӯшиш намуда фарҳанги мардуми шаҳр ва умуман вилояти Хатлон дар дигар шаҳру навоии мамлакат ва берун аз он ҳам муаррифӣ намоем. Вазифаи аҳли фарҳанг дар чӣ аст. Ҳар як фарҳангчӣ бояд ҳар лаҳза ва ҳар соат бо эҷодиёти нав ба саҳна барояд. Вазифаи асосии аҳли фарҳанг ин тарбият намудани мардум бахусус насли наврас мебошад. Зеро барои мо аз фарҳанги мо дида баҳо медиҳанд.