МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2023
Норак

ҒОЛИБИЯТИ БЕҲТАРИН ЗАН-ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ШАҲРИ НОРАК ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН"

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими мукофотонии ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор шуд.
 
Дар ин озмун Солиҳова Нигора - мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.
 
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030" аз 30-юми ноябр то 1 декабр давом кард.
 
МУБОРАК БОШАД!
 

ҲАЁТИ СОЛИМ ИНТИХОБИ МОСТ!

ТАШХИСИ РОЙГОН БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ВНМО-ВИЧ/СПИД ДАР ШАҲРИ НОРАК
 
Санаи 1 декабри соли 2023 бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) аз тарафи кормандони Маркази пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО-и шаҳри Норак дар назди бозор ва маркази шаҳр аксия таҳти унвони "Ҳаёти солим интихоби мост" баргузор гардид.
 

МЕХАНИЗМИ БАРРАСИИ ШИКОЯТҲОИ АҲОЛӢ

Шаҳрвандони муҳтарам! Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Норак» идома ёфта истодааст. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар ҳолоати таъсири манфӣ расонидан ба вазъи шароити санитарию эпидемологии аҳолӣ, хатари ифлосшавии об, хавф ба саломатӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолй ҳангоми интиқоли мол ва таҷҳизоти ба сохтмон вобаста буда ва дигар таъсироти манфие, ки дар давоми тадбиқи лоиҳа рух медиҳад, метавонед арзу шикоятҳои худро бевосита ба ҶСК “Барқи Тоҷик” дар шакли хаттӣ ба шӯъбаи арзу шикоятҳо, почтаи электронӣ ва ё бо истифода аз суроға ва ракамҳои телефони зерин, пешниход намоед.
Дар Ҳукмати шаҳри Норак, ҷамоатҳои Пули Сангин, Дукони ва ҶСК “Барқи Тоҷик” дафтари арзу шикоятҳо вуҷуд дорад, ки Шумо метавонед, арзу шикоятҳои худро дар он сабт намоед.
Хабибов Убайдулло-Директори ичроияи ГТЛ «Кам намудани талафоти нерӯ» ҶСК “Барқи Тоҷик”.
Тел: +992 37 295578
Нурова Мавзуна - нозири калони муроҷиати шахсони хуқуқй ва воқеӣ дар ҶСК “Барқи Тоҷик”
Суроға: хиёбони Исмоили Сомонй 64, 734026 ш.Душанбе, Тоҷикистон
Тел: +992 37 295163, +992 37 295563
httр://bаrgitojik.tj

Поянда бод дӯстии тоҷику ӯзбек

Супоридани тӯҳфаи хотиравӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба Ансамбли овозадори "Мавриғӣ"-и шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

Поянда бод дӯстии тоҷику ӯзбек

Санаи 30 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак барномаи консертии овозхони Ансамбли овозадори "Мавриғӣ"-и шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номиш гузошта шуд.
Дар чорабини муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро иштирок намуда, меҳмонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хушомадед гуфта, меҳмононро бо тӯҳфаи хотиравии рамзи Норак қадрдонӣ намуданд.