МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2024
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак, муҳтарам Фирўза Шарифӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳозирони гиромӣ, намозгузорони муътабар!
Иди саиди Қурбон яке аз санаҳои фархунда ва суннати неку писандидаи дини мубини Ислом ба шумор рафта, мусулмонони ҷаҳон онро бо эҳсоси хушҳолӣ ва фараҳмандӣ таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми шарифи шаҳри Норакро самимона табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рўзгори нек орзумандам.
Бояд кайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикии худ ба муносибати иди саиди Қурбон таъкид карда буданд, ки «Воқеан мўъминон дар ин рўзи шариф ба даргоҳи Худои таъолло ба садоқату фидокорӣ ва ибодату паҳрезгорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму рўҳ муноҷот менамоянд, зеро моҳияти аслии иди Қурбон «Наздики ҷустан ба Зоти беҳамто ва якто» мебошад.
Иди Қурбон на танҳо тавассути тоату ибодат наздикӣ доштан ба Худои таъолло буда, дар тўли асрҳо дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешутаборон, ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру некӣ намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои ин ид аст.

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак, муҳтарам Фирўза Шарифӣ ба муносибати иди Қурбон

ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДӢ - ИҶТИМОИИ ШАҲРИ НОРАК ДАР 4 МОҲИ СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРИ КАРДА ШУД

Имрӯз 2 июни соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ- иҷтимоии шаҳри Норак дар соли 2024 бо иштироки раиси шаҳри Норак Норак Фирӯза Шарифӣ Бурихонзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгохи раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, имомхатиб ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

 

Муфассал: ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДӢ - ИҶТИМОИИ ШАҲРИ НОРАК ДАР 4 МОҲИ СОЛИ 2024...

КЛУБИ ФУТБОЛИ НОРАК ДУБОРА ЭҲЁ ШУД ВА ДАР ЛИГАИ ДУЮМ ИШТИРОК МЕКУНАНД

Бо дастгирии раиси шаҳри Норак муҳтарам Фирӯза Шарифӣ клуби футболи “Норак” дубора эҳё шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки КФ “Норак” алакай дар лигаи 2-юми Ҷумҳури Тоҷикистон аъзо буда, баҳри роҳхат гирифтан ба Лигаи 1-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд.

Муфассал: КЛУБИ ФУТБОЛИ НОРАК ДУБОРА ЭҲЁ ШУД ВА ДАР ЛИГАИ ДУЮМ ИШТИРОК МЕКУНАНД