РАДДИЯ: ҲАДАФИ МО ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА АМНИЯТУ ОРОМИИ КИШВАР АСТ!
- Нашр шуд: 08.06.2022 10:00
Изҳорот оид ба қазияи блогер Далери Эмомалӣ, ки дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ чоп гардид, мавриди баҳсу мунозираҳои гуногун қарор гирифтааст. Ӯ, агар мавриди озору шиканҷа қарор гирифта бошад, итминон дорем, ки қонунгузор марҳилаи расмӣ ва ошкори ҳаллу фасли онро пешниҳод менамояд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд. Изҳороти мазкур бошад, зери имзои созмонҳои хабарнигории кишвар, ҳафтаномаву рӯзномаҳои давлативу хусусӣ дар сомонаҳои моҷароҷӯе чун «Радиои Озодӣ», «Паём», «Азда» ва ғайра ин қазияро бо додани тобишҳои сиёсӣ нашр ва хилофи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ карда, сиёсати иттилоотии давлатиро дар самти фароҳамсозии шароити мусоиди ВАО якҷониба инъикос менамоянд, ки ҳаргиз қобили қабул нест. Мо ин тарзи масъалагузориро қотеъона рад мекунем ва даъват менамоем, ки кӯшишҳои сиёсисозии ин қазия пешгирӣ карда шавад. Аз ҷониби дигар, дар сурате ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва мизбони нишасту ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст, пеш овардани масъалаи ҷузъии авбошӣ ба баррасии умумӣ салоҳи сиёсати калонмиқёси давлатӣ нест.
Муфассал: РАДДИЯ: ҲАДАФИ МО ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА АМНИЯТУ ОРОМИИ КИШВАР АСТ!