Хизмат ба Ватан қарзи фарзандист
-
Нашр шуд: 01.03.2020 09:09
Рӯзи 27 феврали соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласа оид ба сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Норак иброз доштанд, ки барои даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳр ҳамаи имкониятҳо мавҷуд буда, аллакай ҷавонони баору номусу ватандӯст ихтиёрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ бо ариза муроҷиат намуда истодаанд. Ин шаҳодати он аст, ки ҷавонон масъулияти худшиносӣ ҳис намуда, баҳри ҳифзи Ватан- Модар омодааснд.
Муфассал: Хизмат ба Ватан қарзи фарзандист