МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Мушоҳидон дар шаҳри Норак

28 феврали соли 2020 гурӯҳи корӣ аз мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳайати 4 нафар(Федератсияи Россия, Қирғизистон, Покистон) аз рафти омодагиҳо ба баргузории интихобот-2020 дар участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ шинос шуда, аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар шаҳр, овоздиҳии беморону маъюбон ва шахсони барҷомонда, ҷавонони бори аввал овоздиҳанда ва муҳоҷирони меҳнатӣ...

 

Муфассал: Мушоҳидон дар шаҳри Норак

Қаноатмандӣ аз омодагиҳо

27 феврали соли 2020 ба шаҳри Норак гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ оид ба баргузории интихобот -2020 аз участкаю ҳавзаҳои интихоботӣ дидан намуданд. Зимни шиносоӣ ба омодагиҳои участкаю ҳавзаҳои интихоботӣ, тартиби баргузорӣ, утоқхои овоздиҳӣ, рӯйхати интихобкунандагон  изҳори қаноатмандӣ намуда,ба шахсони мутасаддӣ барои дар сатҳи баланд баргузории  интихобот  барори  кор  орзу  намуданд.

Муфассал: Қаноатмандӣ аз омодагиҳо

Вохӯрии судманд

Рӯзи 27 феврали соли 2020 раиси шаҳри Норак тибқи нақшаи корӣ дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак бо кормандони шуъба вохӯрд. Зимни вохӯрӣ оид ба нақши кормандон дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноят ва ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба мардуми тоҷик бегона, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ...

 

Муфассал: Вохӯрии судманд

Ташрифи меҳмонон

Гурўҳи  кории  Вазорати  мудофиаи  Ҷумҳурии  Узбекистон рўзи 26 феврали соли  2020  дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз шаҳри Норак дидан намуданд. Меҳмононро раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  истиқбол  намуда, барои боздид аз НБО-и Норак ба номи Т.Улҷабоев ҳамроҳӣ намуд.

 

Муфассал: Ташрифи меҳмонон

Қадрдонии ҳунарҳои мардумӣ

Рўзи 25 феврали соли 2020 гурўҳи ҳунармандони шаҳри Норак барои иштирок дар Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони “Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ” дар шаҳри Кулоби бостонӣ иштирок намуда, ҳунарҳои мардумии чакандўзӣ, қароқдўзӣ, муҳракашӣ, бофандагиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Муфассал: Қадрдонии ҳунарҳои мардумӣ