МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ

Рўзҳои 28-29-уми январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.

Муфассал: Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ

Табрикоти солинавӣ дар қисми низомӣ

Дар ротаи алоҳидаи қисми низомии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо мақсади болида гардонидани табъи афсарону аскарон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Соли нави мелодии 2020 ҷамъомади бошукўҳи идона бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак баргузор гардид.

 

 

 

Муфассал: Табрикоти солинавӣ дар қисми низомӣ

«Суруди миллӣ»

Бахшида ба 25-солагии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак маҳфилу шеъру суруд бо иштироки муаллифи «Суруди миллӣ» шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо иштироки васеи аҳолии шаҳр, сокинони касбу кори гуногун, дӯстдорони шеъру шоирӣ баргузор гардид.

Сараввал Гулназар Келдӣ аз шуъбаи «Соядастҳо»-и китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо» дидан намуда, бо китобдорон суҳбат оростанд. Баъдан дар дафтари «Бақайдгирии меҳмонон» таманниётҳоро қайд намуданд.

Муфассал: «Суруди миллӣ»

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба Соли нави мелодии 2020 бо дастгирии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кӯчаи Яҳё Мирфозилови минтақаи манзилии №3-и шаҳр майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд.

 

 

Муфассал: Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Ғамхорӣ ба кӯдакони маъюб

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Соли нави мелодии 2020  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии кӯдакони имконияташон маъюб аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Томирис»  дар ҳамкорӣ бо масъулони мақомоти иҷроияи шаҳр ба 15 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

 

 

 

Муфассал: Ғамхорӣ ба кӯдакони маъюб