МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика

Бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика санаи 20 декабри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Муфассал: Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика

Конференсияи ҳизбӣ

Санаи 10 декабри соли 2019 дар толори китобхонаи марказии ба номи “Дўстии халқҳо”-и шаҳр бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ конференсия бо иштироки зиёда аз 100 нафар фаъолони ҳизб, собиқадорон, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» доир гардид.

Муфассал: Конференсияи ҳизбӣ

Вохўрии гурўҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Норак

Дар толори қасри фарҳанги шаҳр бо мақсади иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рўҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот вохўрии гурўҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Норак санаи 7 декабри соли равон доир гардид.

Муфассал: Вохўрии гурўҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Норак

Вохуриҳо дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ

Бо мақсади иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даст задани ҷавонон, духтарону занон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, сӯйиқасд ба ҷон, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, инчунин пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби кормандони шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, марказҳои пешгирии бемории ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ, бахусус занону ҷавонони хонашин корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Муфассал: Вохуриҳо дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ

Конфересия бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа"

Бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” санаи 3 декабри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроия таҳти унвони “Ташаббуси Пешвои миллат -эътимод ба зан, ба фардои дурахшон” конференсия бо иштироки занони хизматнишондода ва дигар занони собиқадор, инчунин духтарону занони фаъоли корхонаву муассисаҳо баргузор гардид.

Муфассал: Конфересия бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999, №5 "Дар...