ФАЛАК ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАРДУМИ ТОҶИК АСТ!
-
Нашр шуд: 11.10.2023 03:17

Паёми табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшидаба Рўзи Фалак 10 октябри соли 2023
Дар масири таърих миллати тоҷик бо арзишҳои волои давлатдорӣ, чун Парчам, урфу одат, забон, фарҳанги пурғановати худ ба оламиён нишон дод, ки аз азал тоҷик тамаддунофар ва соҳибфарҳанг аст.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории «Рӯзи фалак» ин пеш аз ҳама тақвият додан, ҳифз ва эҳё намудани суннату арзишҳои миллӣ, ба даст овардани худшиносии воқеии насли ҷавон, баланд бардоштани мақоми мусиқии қадимаи тоҷик дар ҷомеаи муосир мебошад.
Мусиқии фалакӣ аз қадим хоси миллати тоҷик буда, мардум тавассути он розу ниёз, сӯзу гудоз, шикоят, муноҷот, шодию сурури худро ба афлок баён дошта, рӯҳи худро оромиш мебахшанд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду эҳёи анъанаҳои миллӣ заминаи созгор фароҳам оварда, дар муаррифии дастовардҳои таърихӣ, худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии Фалак, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик нақши бағоят муносиб гузошт.
Муфассал: ФАЛАК ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАРДУМИ ТОҶИК АСТ!