МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2025
Норак

Суратгузориш аз рафти қадрдонии омӯзгорони муасисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

ЗАБОН - АРЗИШМАНДТАРИН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Норак чорабинии идона бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло, мудири шубаи маориф- Ҳайдарзода Садбарг, Сармутахасси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Мирзозода Зебо, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон доир карда шуд.
 
Дар чорабини хонандагон оид ба арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ - забони давлатӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳкими забони давлатӣ маъруза намуда, ҳамзамон дар ситоиши забон аз эҷодиёти адибони адабиёти классик ва муосири форсу тоҷик бо забони ноби тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.
 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ, имрӯз 5 октябри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак чорабинии тантанавӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шӯъбаи маорифи Ҳайдарзода Садбарг ва намояндагони шӯъбаю бахшҳои фарҳанг, маориф, ҷавонон, занон ва дигар кормандони корхонаю муассаҳои шаҳр баргузор гардид.
 
Дар оғози чорабини Зуҳро Ҳакимзода -муовини раиси шаҳри Норак баромад намуда иброз намуд, ки. “Забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид».

Қабули меҳмонони Форуми байналмиллалии сармоягузории Душанбе 2023 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони гиромӣ,
 
Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад.
 
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз соли 2009 ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.
 
Бешубҳа, олитарин зуҳурот ва нишонаи мавҷудияти ҳар як миллат забони ӯст. Забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат буда, ба ин муносибат шумо ва дар симои шумо мардуми сарбаланди шаҳру деҳоти Норакро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободию сарбаландӣ ва барору комёбиҳо орзумандам.
 

Муфассал: ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ...