ОГОҲИ АЗ РАВАНДИ ИЛМОМӮЗИИ ХОНАНДАГОНИ ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ РАҚАМИ 1-И ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 04.10.2023 03:41

Зимни сӯҳбати самимӣ бо толибилмон муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда баҳри сайқал додани донишу малака саъю кӯшиш намуда, баҳри соҳибкасб гардидан ба таври васеъ истифода намоянд. Гуфти шуд, ки шахси донишманд ва соҳибҳунар дар ҳамаи давру замон дорои обрӯ ва шаъну шараф буда, дар зиндагии мустақил ҳамеша муваффақ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба эроди рӯзноманигор Лашкар Шарифзода дар мавзӯи навиштаҷоти НОҲИЯИ ДАНҒАРА воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб мавриди баррасӣ қарор дода, камбудиҳои ҷойдошта сари вақт бартараф карда шуд.
- Нашр шуд: 04.10.2023 03:36
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
ВАТАН-МОДАР БЕИМОНУ БЕИНСОФ, БЕВИҶДОН ВА БЕНАНГУ НОМУСРО НАМЕПАРВАРАД
- Нашр шуд: 02.10.2023 17:58

Дар ҳақиқат Саъдӣ Шерозӣ дар "Гулистон"- худ дуруст ва ба ҷо фармудааст, ки:
Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст,
Тарбият номаҳоро чун гирдакон бар гунбад аст.
Бухлу ҳасаду уҷбу кинаву адоват нисбати давлату миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик чунон чашмони хоинону насли фасодро кӯр кардаву гушҳояшонро кар карда, пулҳояшонро тирра кардааст, ки намебинанду намешунаванду дарк намекунанд. Касе набошад Кабирӣ аст, Муҳаммадиқбол аст ё каси дигаре. Дар ҳақиқат тоифае ҳастанд феълу атвори каждумро доранд, инро фаҳмидан мумкин. Лекин ба ин дараҷа имону инсофу виҷдон ва Ватану миллату дину мазҳаби худро баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои нопоку ифлосу ҳароми худ мефурӯшанд, ҳоҷати гапу сухан нест. Гоҳ аз дину мазҳаб ва гоҳе аз Ватану миллат, гоҳе аз номи миллату Ватан баромад карда, худро муаррифгару дустдору некбини миллату давлату ватану дину мазҳаб мешуморанд, куҷост он имону виҷдону инсофи Шумо "дӯстдорону ҳаводорони ин миллату ин Ватан" ?! Бемаданиятиву бефарҳангӣ ва беномусие, ки шумо беватанон дар давлати Олмон нишон додед ин хоси на миллати куҳанбунёди тоҷик асту на хоси дини мубини ислому на мазҳаби Имоми Аъзам. Шумо фатанфурушон ҳам миллату, ҳам давлату, ҳам дину мазҳабро поймол кардед. Дар маданияту хиради азалии тоҷик ҳурмату иззат нисбат ба бузургон буд, аз ин бармеояд, ки Шумо бемиллатон аз хуни Рудакиву Фирдавсию Сино, Хайёму Ҷомию Мавлоно, Донишу Айниву Турсунзода ва ғайраҳо ғайра бузургону абармардони миллати тоҷик нестед. Дар дини мубини ислом ва мазҳаби Абӯ Ҳанифа низ панду ҳикмат аз хирадмандию сафову сахо, сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва дуст доштану ҳифз намудани марзу буму миллату давлату сарвари он гуфта шудааст, пас аз ин бармеояд, ки шумо на мусулмон ҳастеду на дар мазҳаби Эмоми Аъзам. Зеро:
Муфассал: ВАТАН-МОДАР БЕИМОНУ БЕИНСОФ, БЕВИҶДОН ВА БЕНАНГУ НОМУСРО НАМЕПАРВАРАД
Тоҷики меҳанфурӯш нони Ватан кӯрат кунад...
- Нашр шуд: 02.10.2023 17:55

Мақсади асосии онҳо фақат як чиз аст, пеш аз ҳама боварии мардумро ба даст овардан, ақидаҳои хоҷагони хориҷиашонро дар мафкураи мардум ҷой додан ва сохти конститутсионии кишварро барҳам задан.
Бо дар назардошти ин, террористону ифротиёни наҳзатӣ тайёранд, ки бо ҳунари ифротгароиву иғвоангезиҳои сиёсӣ, ки дар назди пуштибонҳои хориҷиашон ба намоиш гузоштан аст, барои қонеи нафси ҳаромашон маблағе дарёфт намоянд..
АЁДАТИ МОДАРОНИ 100 ВА 102 СОЛА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮҲАНСОЛОН
- Нашр шуд: 02.10.2023 17:51

Зимни суҳбат оид ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд.