МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

Вохӯрӣ бо гурӯҳи вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак

Санаи 14 марти соли равон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва намояндаи Комиссарияти ҳарбии шаҳр Маҷидзода Абдулвоҳид бо гурӯҳи вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак оид ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи кунунии давлати Афғонистон ва пешгирии ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав вохӯрӣ доир намуд.
 
Зимни баромади худ Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан қайд намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
 
Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлисҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сухан менамоем.
 

КОРВОНИ САЛОМАТӢ

Дар асоси Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 9 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ "КОРВОНИ САЛОМАТӢ" бо роҳбарии шабакаҳои муассисаҳои КАТС, марказҳо ва мудири шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

 

Муфассал: КОРВОНИ САЛОМАТӢ

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО ДАР ШАҲРИ НОРАК

Бо мақсади ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёрамон, субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони ташкилоту идораҳо дар кучаю маҳаллаҳои шаҳр ва шоҳроҳи Душанбе-Кулоб ҳашари умуми баргузор карда шуд.
 
Дар ҳашари мазкур кормандони роҳраву муассисаҳои шаҳр гулгашт ва ҷуйборҳои обгузарро аз партов тоза намуда, бехҳои дарахтони сояфканро нарм намуданд.
 
Инчунин, бо фаро расидани фасли баҳор, баҳри боз ҳам зебо гардонидани шаҳрамон, дар хиёбону гулгаштҳо гулҳои мавсимии ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шуд.
 

ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ҚАРЗ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат инчунин, риояи талаботи ойиномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
 
Аслан, хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардӣ ва ҷасорат буда,чунон чи мафҳум дар бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб аст, барои саркашӣ аз хидмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад. Хидмат ба Ватан –Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.
 
Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳр корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахши худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии Давлату Ҳукумат кор дода истодаанд. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ медонанд.
 

БАРГУЗОРИИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ ЗАРУРӢ БАРГУЗОР НАМУДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқ намудани раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод,ҷиҳати дар сатҳи зурурӣ баргузор намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷаласаи корӣ доир карда шуд.
 
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода бо иштироки роҳбарони муассисаю ташкилотҳои шаҳрӣ доир гардид.
Қайд бояд намуд, ки ҳамасола дар тамоми манотиқи кишвар, бахусус дар шаҳри Норак дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз, мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳо бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.
 
Дар маҷлиси нахуст масъалаҳои марбут ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023 ва дар доираи ин ҷашни аҷдоди гузаронидани дигар чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.