ТАВАҶҶУҲ ЗИЁД ВА ИМТИЁЗҲО БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ЗИЁДТАР АСТ
-
Нашр шуд: 13.03.2023 13:50

Маҷлисро муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода кушода,гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азиззода Убайдулло Абдулло-доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Назаров Аваз Қувватович-доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Абдураҳимов Рустам Миралиевич- мудири кафедраи анатомияи одам,устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифи намуда,меҳмонанро хушомадед намуданд. Маҷлис бо хатмкунандагони муассисаҳои шаҳри Норак гузаронида шуд. Суҳбату вохӯриҳо атрофи муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоию сиёсии наврасону ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа сурат гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вохӯриҳо ибтидо муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар самти илму маориф фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои зерин миёни хатмкунандагон сурат гирифт:
Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тавассути мутамарказонии имтиҳонҳои дохилшавӣ. Маркази миллии тестӣ ҳамчун василаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мониторинги он, арзёбии объективонаву одилонаи дониши довталабон ва паст кардани сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф.
Муфассал: ТАВАҶҶУҲ ЗИЁД ВА ИМТИЁЗҲО БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ЗИЁДТАР АСТ